Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар CAFA-2022 дастаи Қирғизистонро шикаст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар CAFA-2022 дастаи Қирғизистонро шикаст дод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола бар тими ҷавонони Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. 

Голҳои Асадбек Ҷӯрабекзода, Салам Ашӯрмамадов ва Сунатулло Азизов барои тими мо дувумин пирӯзии пайиҳамро дар мусобиқаи CAFA таъмин намуд.

Дар дидори дигари давр тими ҷавонони Эрон ба дарвозаи дастаи Афғонистон чаҳор голи беҷавоб заданд.

Баъди се даври чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои то 19-сола мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби шаш имтиёз дар ҷадвал пешсаф аст. Дар зинаҳои баъдӣ дастаҳои Эрон ва Қирғизистон бо чаҳоримтиёзӣ қарор доранд.

Бозиҳои даври навбатӣ рӯзи 10 август баргузор мешаванд. Соати 18:00 бозии футболбозони Эрону Қирғизистон оғоз мешавад. Соати 21:00 тимҳои ҷавонони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо ҳам вомехӯранд.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола

Даври 3

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон – 3:1

Голҳо: Асадбек Ҷӯрабекзода, 41 (1:0). Биймурза Женишбеков, 70 (1:1). Салам Ашӯрмамадов, 81 – аз пеналти (2:1). Сунатулло Азизов, 90+1 (3:1).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода (Меҳрубони Абдурауф, 46), Шаҳриёри Иноятулло (Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, 84), Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳаитов, Кабир Салимшоев (Амирҷони Фаррухзод, 73), Абдулло Шарипов (Иброҳим Зокиров, 73), Салам Ашӯрмамадов, Фатҳулло Олимзода (Бежан Нишонбойзода, 62), Асадбек Ҷӯрабекзода (Сунатулло Азизов, 62).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Салам Ашӯрмамадов (Тоҷикистон).

8 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3500 тамошобин.

 

Эрон – Афғонистон – 4:0

Голҳо: Ирфон Гҳорбанигавашини, 6 (1:0). Саид Гендешмин, 44 (2:0). Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ, 53 (3:0). Моҷтабо Фахриён, 79 (4:0).

Пеналтиро иҷро карда натавонист: Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ (Эрон), 53 – дарвозабон.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Ирфон Гҳорбанигавашини (Эрон).

8 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 250 тамошобин.

Назари худро бинависед