Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар остонаи оғози чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо бошгоҳи лигаи олӣ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозии санҷишӣ анҷом дод.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 33-юм легионери ӯзбеки «Регар-ТадАЗ» Анвар Муродов боз кард. Ва дар оғози қисми дуюми дидор Фатҳулло Олимзода таносубро барқарор сохт.
Қобили зикр аст, ки дар чемпионати CAFA-2022 дар Душанбе тими ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони худ аз Афғонистон (6 август), Қирғизистон (8 август), Ӯзбекистон (10 август) ва Эрон (12 август) бозӣ мекунад. Ҳама вохӯриҳои дастаи мо соати 21:00 оғоз мешаванд.
Бозии санҷишӣ
Мунтахаби Тоҷикистон (U-19) – «Регар-ТадАЗ» – 1:1
Голҳо: Анвар Муродов, 33 (0:1). Фатҳулло Олимзода, 48 (1:1).