Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои анҷоми бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон вориди Ҷиззах шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон барои анҷоми бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон вориди Ҷиззах шуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати баргузории бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон вориди Ҷиззах шуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро намояндагони ҳукумати вилояти Ҷиззах ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ҳайати дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баъди ворид шудан ба Ҷиззах ба пояи муҷассамаи арбоби давлатӣ ва нависанда Шараф Рашидов гулчанбар гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 14, 15 ва 17 июл дар маҷмааи варзишии «Суғдиёна»-и Ҷиззах бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд. Вохӯриҳо соати 19:00 оғоз мегарданд.

 

Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон: 

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Ҷамшед Файзиев («Истаравшан»), Муродулло Алиқулов (КМВА);

Бозигарон: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Алимаҳмадов, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Умед Кузиев, Шавкат Ҳалимов, Иқбол Воситзода (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Баҳодур Хоҷаев, Мирзорауф Умаров (ҳарду аз «Истаравшан»), Худобахш Мирзоев (КМВА).

Сармураббӣ: Пайрав Воҳидов.

 

Вохӯриҳои рафиқона

14 июл (панҷшанбе)

Оғоз – соати 19:00

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Ҷиззах, Маҷмааи варзишии «Суғдиёна»

 

15 июл (ҷумъа)

Оғоз – соати 19:00

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Ҷиззах, Маҷмааи варзишии «Суғдиёна»

 

17 июл (якшанбе)

Оғоз – соати 19:00

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Ҷиззах, Маҷмааи варзишии «Суғдиёна»

Назари худро бинависед