Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА ҷойи дуюмро гирифт – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА ҷойи дуюмро гирифт

Дар Скопйеи Македонияи Шимолӣ мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА ба анҷом расид, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов мақоми дувумро касб кард.

Дар мусобиқаи рушди УЕФА наврасони Тоҷикистон се бозӣ анҷом доданд. Дастпарварони Зайниддин Раҳимов ҳамсолони худро аз Гондурас (3:1) шикаст дода, аз тимҳои Македонияи Шимолӣ (вақти асосӣ – 3:3, дар пеналти – 4:5) ва Косово (вақти асосӣ – 0:0, аз рӯи пеналти – 3:4) мағлуб шуданд.

Дар натиҷа мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) панҷ имтиёз ба даст овард. Ғолиби мусобиқа дастаи Косово (6 хол) гардид. Зинаи сеюми ифтихориро  унтахаби Македонияи Шимолӣ (4 хол) ба худ ихтиссос дод.

 

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи пеналти – 5:4

Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.

 

Косово – Гондурас – 2:0

 

Даври 2

Гондурас – ТОҶИКИСТОН – 1:3

Голҳои Тоҷикистон: Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев, Масрур Ғафуров.

 

Македонияи Шимолӣ – Косово – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

 

Даври 3

ТОҶИКИСТОН – Косово – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:4

Македонияи Шимолӣ – Гондурас – 0:1

Назари худро бинависед