Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Бишкек ду бозии санҷишӣ анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Бишкек ду бозии санҷишӣ анҷом дод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар остонаи оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо бошгоҳҳои Суперлигаи Қирғизистон ду бозии дӯстона баргузор кард.

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар вохӯрии якум бо бошгоҳи футзали «Дордой»-и Бишкек рӯ ба рӯ шуд. Ин рақобат 5 апрел баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи футзалбозони мо анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Некрӯз Алимаҳмадов муаллифи дубл шуда, Идрис Ёров ва  Бахтиёр Солиев як голиро ба номашон сабт сохтанд.

Рӯзи дигар, 6 апрел, шогирдони Пайрав Воҳид дар бозии санҷишӣ бо бошгоҳи «Фарватер-Аман», бо ҳисоби 7:1 пирӯз шуданд. Дар дидори мазкур дублҳои Некрӯз Алимаҳмадов ва Бахтиёр Солиев, инчунин голҳои Шавкат Ҳалимов, Умед Кузиев ва Парвиз Раҳматов пирӯзии мунтахаби моро таъмин карданд.

Қобили зикр аст, ки дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкек баргузор мешавад, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Ӯзбекистон (12 апрел) майдондорӣ мекунад. Ду даста аз гурӯҳ ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбад.

 

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1

10 апрел (якшанбе)

10:00 – Ӯзбекистон – Непал

13:00ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

 

Даври 2-юм

11 апрел (душанбе)

10:00 – Непал – ТОҶИКИСТОН

13:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

 

Даври 3-юм

12 апрел (сешанбе)

10:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

13:00 – Афғонистон – Непал

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед