Бозиҳои қисми дуюми лигаи футболи бонувони Тоҷикистон-2021 шурӯъ шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои қисми дуюми лигаи футболи бонувони Тоҷикистон-2021 шурӯъ шуданд

Рӯзи якшанбеи 25 июл бо боргузории бозиҳои даври даҳум қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои футболи бонувон шурӯъ шуд.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи “Хатлон”-и Бохтар дар сафар бо ҳисоби бузурги 17:0 “Чашма”-и Шаҳритӯсро шикаст дод.

«Зебонисо»-и Душанбе ба дарвозаи дастаи “Суғд” ҳашт голи беҷавоб зад.  «Равшан»- Кӯлоб бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 2:1 дастболо шуд. Футболбоздухтарони  «Конибодом» бошанд ба дарвзаи дебютани лигаи имсола – “Нӯшофарин”-и Бохтар 21 голи беҷавоб заданд.

Як вохӯрии дигари ин давр байни «Зебо» ва «Бешкент» ба рӯзи 29 июл гузаронида шуд.

Бозиҳои даври ёздаҳуми чемпионат рӯзи сешанбеи 3 август баргузор хоҳанд шуд.

 

Чемпионати Тоҷикистон-2021 байи дастаҳои футболи бонувон

Даври 10-ум

«Зебонисо» – «Суғд» – 8:0

«Равшан» – «Ҳосилот» – 2:1

«Конибодом» – «Нушофарин» – 21:0

«Чашма» – «Хатлон» – 0:17

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 10 10 0 0 95-3 30
2 «Зебонисо» (Душанбе) 10 8 1 1 83-9 25
3 «Суғд» (Суғд) 10 6 0 4 32-39 18
4 «Равшан» (Кӯлоб) 10 4 3 3 21-24 15
5 «Ҳосилот» (Фархор) 10 4 2 4 18-23 14
6 «Бешкент» (Носири Хусрав) 9 4 1 4 40-17 13
7 «Конибодом» (Конибодом) 10 4 1 5 52-25 13
8 «Зебо» (Дӯстӣ) 9 2 3 4 33-13 11
9 «Нушофарин» (Бохтар) 10 1 0 9 1-138 3
10 «Чашма» (Шаҳритус) 10 0 0 10 1-85 0

 

НишонзанҳоЛайло Ҳалимова («Хатлон») – 40 гол, Марҷона Саидова («Зебонисо») – 22 голРафина Нормуратова («Бешкент») – 20 гол.

 

Дар 11-ум вомехӯранд:

3 август (сешанбе)

«Зебонисо» – «Зебо»

«Суғд» – «Ҳосилот»

«Бешкент» – «Конибодом»

«Равшан» – «Чашма»

«Нушофарин» – «Хатлон»

Назари худро бинависед