Пагоҳ мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Бангкок бо Миср бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Бангкок бо Миср бозӣ мекунад

Пагоҳ, 25-уми июл, дар Бангкок мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» бо иштироки ҳашт дастаи мунтахаби футзал шурӯъ мешавад.

Тибқи натоиҷи қуръакшии мусобиқа мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” баромад мекунад. Рақибони мунтахаби миллии футзали мо мунтахабҳои футзали Эрон, Миср ва Литва мебошанд. Дар гурӯҳи “А” мунтахабҳои Таиланд, Узбекистон, Косово ва Мозамбик баромад мекунанд.

Бозии аввали худро дар ин мусобиқа тими миллии футзали Тоҷикистон муқобили мунтахаби футзали Миср хоҳад гузаронд. Ин бозӣ, пагоҳ 25-уми июл, баргузор мешавад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи муқаррароти мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбад. Дастаҳое, ки ба нимфинал роҳ пайдо намекунанд, дар бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-8-ум мубориза мебаранд.

 

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок

Тақвими бозиҳо бо иштироки мунтахаби миллии Тоҷикистон

Даври 1-ум

25 июл (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 8:30 ба вақти Душанбе

Миср – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 2-юм

26 июл (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 10:45 ба вақти Душанбе

ТОҶИКИСТОНЭрон

 

Даври 3-юм

27 июл (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 8:30 ба вақти Душанбе

ТОҶИКИСТОН – Литва

Назари худро бинависед