Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон пеш аз сафар ба Таиланд дар Душанбе омодагӣ мегирад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон пеш аз сафар ба Таиланд дар Душанбе омодагӣ мегирад

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ҳайати дастаро барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ, ки аз 17 то 21 июл дар Душанбе баргузор мешавад, эълон намуд.

Ба ҷамъомади омӯзишиву машқӣ 14 бозигар, аз ҷумла 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ даъват шудаанд. Аз ҳама бештар ба ҳайати тими миллии футзали кишвар бозигарони дастаи «Соро компания» – ҳафт кас шомил гаштанд. Аз «Сипар»-и Хуҷанд панҷ кас ва аз “Истиқлол”-и Душанбе ду кас ба ҳайати миллипӯшони футзали мамлакат даъват шудаанд.

Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Душанбе то 21 июл идома хоҳад кард. Субҳи барвақти 22 июл ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии “Чемпионати футзали континенталии 2021” («Continental Futsal Championship 2021») ба Бангкок парвоз мекунад. Дар мусобиқа дар Таиланд дастаи мо дар гурӯҳи “В” якҷоя бо тимҳои миллии Миср (25 июл), Эрон (26 июл) ва Литва (27 июл) бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи А дастаҳои Таиланд, Узбекистон, Косово ва Мозамбик рақобат хоҳанд кард.

Тибқи дастури ин мусобиқа пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ, ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ба даври 1/2 ниҳоӣ роҳ ёфта наметавонанд, дар бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд.

 

Ҳайати мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе.

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Нуриддин Ҷабборов («Соро компания»);

Бозигарони майдонӣНекрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарипов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов (ҳама аз «Соро компания»), Дилшод Саломов, Рустам Ҳамидов, Умед Кузиев, Иқбол Воситзода (ҳама аз «Сипар»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳарду аз «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Назари худро бинависед