Дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки аз 25-ум то 30-юми июл дар Бангкок баргузор мешавад Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон, муайян шуданд.
Тибқи қуръакашӣ дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба гурӯҳи “В” шомил шуд. Рақибони дастаи Тоҷикистон тимҳои миллии Эрон, Миср ва Литва мебошанд. Ҳар се даста иштироккунандагони Ҷоми ҷаҳонии футзал дар соли 2021 ҳастанд.
Дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тайланд, Узбекистон, Косово ва Мозамбик рақобат мекунанд. Бар асоси муқаррароти мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбад.
Барои тими миллии футзали Тоҷикистон ширкат дар мусобиқа дар Бангкок яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мебошад. Марҳилаи интихобии мусобиқаи мазкур моҳи апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд.
Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021»
Гурӯҳи “А”: Тайланд, Узбекистон, Косово, Мозамбик.
Гурӯҳи “B”: Эрон, Миср, ТОҶИКИСТОН, Литва.