Конфедератсияи футболи Осиё тақвими баргузории бозиҳои моҳи мартии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамони ҷаҳон-2022-ро расман эълон намуд. Бисёре аз ин вохӯриҳо ба моҳи июн гузаронида шуда буданд.
Бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон, дар муҳлати муқарраршуда – 25-уми март, баргузор мегардад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 18:00 оғоз хоҳад шуд.
Ба ҷуз аз бозии Тоҷикистону Муғулистон дар моҳи март боз се бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё баргузор мешавад, ки дар онҳо – Арабистони Саудӣ бо Яман (25 март, Ар-Риёз), Непал – Австралия (30 март, Катманду) ва Муғулистон – Ҷопон (30 март, Тиба, Ҷопон).
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи июн дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тимҳои миллии Ҷопон (7 июн) ва Мянмор (15 июн) бозӣ мекунад.
ҶҶ-2022
Марҳилаи дуюми интихобӣ
Гурӯҳи «F». Даври 7-ум
25 март (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
ТОҶИКИСТОН – Муғулистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ