Дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон давлатманд Исломов комиссари бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020.
Мусобиқаи марказонидашудаи марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2020 дар гурӯҳҳои “А”, “В”, “С” ва “D”, инчунин марҳилаҳои 1/8, 1/4 ва 1/2 ниҳоӣ дар Минтақаи Ғарбӣ аз 14 сентябр то 3 октябр дар Доҳаи Қатар мегузаранд. Дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов яке аз шаш комиссаре мебошад, ки дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2020 дар ин минтақа кор хоҳад кард.