Федератсияи футболи Тоҷикистон ва тарабхонаи миллии «Чинор» созишномаи ҳамкориро ба муҳлати як сол ба имзо расониданд. Ҳадафи созишнома рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошад.
Маросими расмии ба имзо расонидани созишнома дар тарабхонаи «Чинор»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Қарордодро котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ва директори генералии тарабхонаи «Чинор» Саидбек Абдураҳмонов дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма имзо карданд.
Ин ҳамкорӣ ба тарабхонаи «Чинор» имкон медиҳад, ки ба як бахши оилаи бузурги Федератсияи футболи Тоҷикистон табдил ёбад. Созишномаи шарикӣ барои ҷонибҳо имкониятҳои навро ҷиҳати татбиқи ғояҳо ва лоиҳаҳои муштарак, баргузории чорабиниҳои гуногун ва амалӣ намудани ташаббусҳо фароҳам меорад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон аз пайвастани тарабхонаи миллии «Чинор» ба сафи шарикони худ истиқбол намуда, изҳори итминон мекунад, ки ин ҳамкорӣ самаранок, дарозмуддат ва барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.