Абдулло Иброҳимзода бори аввал дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон баромад кард – Федерация Футбола Таджикистана

Абдулло Иброҳимзода бори аввал дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон баромад кард

Нимҳимоятгари 18-солаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Абдулло Иброҳимзода нахустин бозии худро дар ҳайати мунтахаби асосии кишвар анҷом дод.

Дар бозии нимниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» муқобили яккачини Уммон, ки бо пирӯзии тими мо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт, Иброҳимзода дар дақиқаи 87-уми вохӯрӣ ба майдон баромад.

Абдуллоро ба ин муносибат табрик гуфта, барояш дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон комёбиҳои нав ва баромадҳои дурахшон орзу менамоем!

 

Назари худро бинависед