Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026», ки дар шаҳри Сисакети Тайланд баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Дар марҳилаи ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Уммон рақобат мекунад. Уммон дар раддабандии амалкунандаи ФИФА мақоми 81-умро ишғол менамояд. Дар бозии дигари даври нимниҳоӣ мунтахабҳои Тайланд ва Бруней бо ҳам вомехӯранд. Вохӯриҳои нимниҳоӣ рӯзи 14 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мешаванд.
Ғолибони бозиҳои нимниҳоӣ ба финал роҳ меёбанд ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Рақобатҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup 2026» рӯзи 17 ноябр доир хоҳанд шуд.