Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан барои мизбонии бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 изҳори миннатдории самимӣ менамоянд.
Бозии ниҳоии Ҷоми кишвар миёни дастаҳои «Сардор» ва «Хуҷанд» (1:2) 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор гардида, 12 ҳазору 500 тамошобинро ба ҳам овард.
Ҳамзамон, ФФТ ва ЛФТ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Федератсияи футболи вилояти Суғд, инчунин ба тамоми хадамоту мутахассисоне, ки дар ташкилу баргузории бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2026 саҳм гузоштанд, изҳори сипос менамоянд.
Аз ҷумла, ташаккур ба кормандони Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти тиббӣ, волонтёрон, ҳайати техникӣ ва ба гурӯҳи мухлисони «Истаравшан» барои иштироки фаъолона ва дастгирӣ!
Бо шарофати касбият, масъулият ва ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи масъулон бозӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Ташаккур ба шаҳри Истаравшан барои пазироии гарму самимӣ, меҳмоннавозӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди футболи бошгоҳӣ дар Тоҷикистон!