Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский сеюмин бозии дӯстонаи худро дар доираи рӯзҳои ФИФА-и тирамоҳ анҷом дод.
Ҳарифи навбатии дастаи мо тими миллии Чин буд, ки дар раддабандии феълии ФИФА мақоми 94-умро ишғол мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Голи дастаи моро Ваҳдат Ҳанонов ба самар расонид.
Қаблан мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Озарбойҷон (0:1) ва Фаластин (2:4) бозиҳои дӯстона анҷом дода буд.
Рақобатҳои навбатии мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешаванд. Дастаи мо дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки аз 9 то 17 ноябр дар Тайланд баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Дар баробари мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа тимҳои миллии Тайланд, Уммон ва Баҳрайн низ ширкат мекунанд.