Дар пешорӯи оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни духтарони то 17-сола дар гурӯҳи «А» дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, КФО ва менеҷерони дастаҳои Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат доштанд.
Пас аз ҷаласа нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он сармураббии мунтахабҳо ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд.
Сармураббии дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон Фарҳод Холбеков гуфт, дастааш талош хоҳад кард, ки дар марҳилаи интихобӣ хуб баромад кунад.