Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев ҳамсолони худ аз Урдунро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Муаллифи голи ягона ва ғалабаовар ҳимоятгар Муҳаммадҷон Исҳоқов гардид, ки дар дақиқаи 55-уми бозӣ ба задани гол муваффақ шуд.
Ҳамин тавр, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо касби 6 имтиёз дар гурӯҳ, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт.
Бояд гуфт, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бори шашум дар таърих ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ меёбад. Қаблан ҷавонони мо дар чемпионатҳои қитъавии солҳои 2006, 2008, 2016, 2018 ва 2023 иштирок кардааст.