Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд

Имрӯз, 5 сентябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Абдузоир Исмоилов баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои ду марҳилаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2026 ҷамъбаст гардида, тарзи баргузории Ҷоми Тоҷикистон-2026 муайян карда шуд. Ҳамчунин як қатор масъалаҳои марбут ба рушди футзал дар кишвар баррасӣ гардиданд.

Дар оғози ҷаласа раиси Кумитаи футзали ФФТ Абдузоир Исмоилов ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, инчунин дастаҳоеро, ки ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи плей-оффи Суперлигаи Тоҷикистон-2026-ро ба даст овардаанд, муборакбод намуд.

ФОНДИ ҶОИЗАВИИ МУСОБИҚАИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026 200 ҲАЗОР СОМОНИРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД

Масъалаи нахустини рӯзномаи ҷаласа ба баргузории Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал бахшида шуд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ, иборат аз чор дастаӣ, тақсим мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал имсол 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз дастаҳои финалист, инчунин барои бозигарон ва дастаҳое, ки дар номинатсияҳои гуногун беҳтарин нишондиҳандаҳоро ба даст меоранд, ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ пешбинӣ шудаанд.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми кишвар 12 сентябр оғоз шуда, анҷоми мусобиқа аввали моҳи октябр дар назар аст.

ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ПЛЕЙ-ОФФИ СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН-2026 ОИД БА ФУТЗАЛ

Масъалаи дигари рӯзномаи ҷаласа бобати оғози марҳилаи плей-оффи Суперлигаи Тоҷикистон-2026 буд.

Аз рӯи натиҷаҳои ду марҳилаи чемпионат дастаҳои «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд мустақиман ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд ва акнун рақибони худро интизоранд.

Дастаҳои «Душанбе» ва «Амонатбанк» аз рӯйи натиҷаҳои ду марҳилаи чемпионат натавонистанд ба марҳилаи плей-офф роҳ ёбанд.

Бозиҳои плей-оффи Суперлигаи Тоҷикистон-2026 пас аз анҷоми Ҷоми Тоҷикистон оғоз мешаванд.

МУСОБИҚА МИЁНИ ДАСТАҲОИ ҶАВОНОН

Масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа ба баргузории мусобиқаи футзал миёни дастаҳои ҷавонон бахшида шуд.

Тибқи қарори Кумитаи футзали ФФТ, ин мусобиқа моҳҳои январ-феврали соли оянда, дар давраи омодагии пешазмавсимии дастаҳо, доир мешавад. Ҳаҷми маблағи ҷоизаҳои мусобиқа баъдтар муайян карда хоҳад шуд.

Назари худро бинависед