Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Бейрути Лубнон бозии санҷишии якуми худро баргузор кард.
Ҷавонони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Лубнон рақобат намуда, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Ягона голи вохӯриро нимҳимоятгари дастаи «Барқчӣ» Мусо Қаҳҳоров дар дақиқаи 72-юм ба самар расонд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 24 август дар Бейрут бозии дуюми санҷиширо муқобили дастаи Лубнон баргузор мекунад.