Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев вориди шаҳри Бейрут шуд.
Дар марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Лубнон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Вохӯриҳо рӯзҳои 21 ва 24 август баргузор мешаванд.
Пас аз анҷоми ҷамъомади тамринӣ дар Лубнон, дастат ҷавонони Тоҷикистон ба Баҳрайн сафар карда, онҷо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 иштирок хоҳад кард.
Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «D» аз 31 август то 6 сентябр дар шаҳри Манама доир мешаванд. Дар ин марҳила мунтахаби мо бо дастаҳои Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) рақобат мекунад.