Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳои Тоҷикистон низ рақибони худро муайян карданд.
Қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо тимҳои «Ал-Арабӣ»-и Кувайт, «Наҷмеҳ»-и Лубнон ва «Ҳомс Ал-Фидоъ»-и Сурия шомили гурӯҳи «В» гардид.
Дорандаи Ҷоми Тоҷикистон – «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «С» баромад мекунад. Дастаи шаҳри Турсунзода бо «Гоа»-и Ҳиндустон, «Қадсия»-и Кувайт ва «Фортис»-и Бангладеш рақобат менамояд.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 бо иштироки «Истиқлол» аз 17 то 23 октябр дар шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд. Вохӯриҳои гурӯҳи «С» бо иштироки «Регар-ТадАЗ» дар Кувайт доир мегарданд.