Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) муқобили тими Уммон бозиҳои санҷишӣ баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) муқобили тими Уммон бозиҳои санҷишӣ баргузор мекунад

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзоб ба анҷом расонд.

Пагоҳ субҳи барвақт даста ба шаҳри Масқат сафар мекунад ва онҷо бо ҳамсолони худ аз Уммон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Бозии аввал рӯзи 9 июл ва дидори дуюм рӯзи 12 июл баргузор мешавад.

Ин вохӯриҳои дӯстона марҳилаи муҳими омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба шумор мераванд. Бозиҳои даври интихобӣ аз 31 август то 6 сентябр дар Баҳрайн баргузор мешаванд. Дар гурӯҳи «D» мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) рақобат мекунад.

Назари худро бинависед