Рақибони дастаи занонаи КМВА-и Душанбе дар даври муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои занонаи КФО- 2026/27 муайян шуданд.
Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, КМВА ба гурӯҳи «E» шомил шуда, бо дастаҳои «Бам Хотун» (Эрон), «Ал-Иттиҳод» (Урдун) ва «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) рақобат мекунад. Ғолиби гурӯҳ роҳхати марҳилаи гурӯҳии мусобиқаро ба даст меорад.
Бозиҳои даври муқаддамотӣ дар шакли мутамарказ баргузор мешаванд. Вохӯриҳои гурӯҳи «E» бо иштироки КМВА аз 17 то 23 августи соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегарданд.
Иштироки КМВА дар Лигаи қаҳрамонҳои занонаи КФО-2026/27 барои футболи занонаи Тоҷикистон рӯйдоди таърихӣ ба шумор меравад. Бори аввал дар таърих як бошгоҳи занонаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё ширкат меварзад.