Субҳи имрӯз дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон аз Тошканд, ки онҷо дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) унвони қаҳрамониро ба даст овард, ба Ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, инчунин рӯзноманигорон, мухлисон ва наздикони бозигарону ситоди мураббиён самимона истиқбол гирифтанд.
Дар доираи чемпионати CAFA-2026 дар шаҳри Тошканд дастаи наврасони Тоҷикистон зери роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов чор бозӣ анҷом дод – тимҳои Туркманистон (5:1), Қирғизистон (4:0) ва Афғонистон (3:2)-ро мағлуб карда, бо Ӯзбекистон мусовӣ (0:0) намуд.
Дастаи мо бо касби 10 имтиёз ҷойи аввалро ишғол карда, унвони қаҳрамониро соҳиб шуд.
Ин панҷумин маротиба аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ пирӯз мешавад. Даста қаблан дар солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 ғолиби мусобиқа шуда буд.