Мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2026 ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2026 ширкат мекунад

Аввалин мусобиқа дар соли 2026 таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар чемпионати CAFA-2026, ки аз 4 то 14 апрел дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Илова бар дастаи мо, тимҳои наврасони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон низ барои медалҳо мубориза мебаранд.

Формати баргузории мусобиқа баъдтар муайян карда мешавад.

Назари худро бинависед