Дар доираи таҷлили Рӯзи футболи занонаи Конфедератсияи футболи Осиё – «AFC Women’s Football Day 2026» дар шаҳри Хуҷанд бо ҳадафи рушд ва таблиғи футболи занона фестивали анъанавии футбол баргузор гардид.
Дар фестивал беш аз 100 духтар иштирок кард. Мақсади роҳандозии ҳамоиш таблиғи футболи духтарона, афзоиши шавқ ба варзиш байни духтарон ва ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад. Дар доираи чорабинӣ бозиҳои гуногуни футболӣ ва эстафетаҳо гузаронида шуданд, ки дар он иштирокчиён маҳорати худро нишон дода, аз мураббиён донишҳои нав гирифтанд.
Бо иштирок дар фестивал кӯдакон эҳсосоти зиёд ва таассуроти рангин гирифта, лаҳзаеро дар фазои дӯстона ва варзишӣ гузарониданд.