Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Дубай дар доираи машқҳои таълимӣ бозии дӯстона анҷом дод.

Рақиби бонувони мо мунтахаби занонаи Амороти Муттаҳидаи Араб буд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 ба анҷом расид.

Вохӯрии якуми дастаҳои занонаи Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон, ки 1 март бояд баргузор мешуд, қаблан бекор гардида буд.

Назари худро бинависед