Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо мунтахабҳои Беларус, Қазоқистон ва дастаи Минск бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо мунтахабҳои Беларус, Қазоқистон ва дастаи Минск бозӣ мекунад

Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» ширкат хоҳад кард.

Мусобиқа аз 19 то 23 феврал дар шаҳри Минск доир гашта, дар он ҳашт даста иштирок менамояд. Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо мунтахабҳои Беларус (19 феврал), Минск (20 феврал) ва Қазоқистон (21 феврал) нерӯ месанҷад.

Дар гурӯҳи «В» тимҳои наврасони Беларус (U-16), Русия, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон рақобат мекунанд.

Мувофиқи низомнома дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра бозӣ хоҳанд кард. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ ёфта, тимҳои ҷойи дуюм барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин, барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8-ум ҳам вохӯриҳо баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед