Шаҳром Cамиев ба бошгоҳи «Ал-Карма»-и Ироқ гузариш мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Шаҳром Cамиев ба бошгоҳи «Ал-Карма»-и Ироқ гузариш мекунад

Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев фаъолияти худро дар чемпионати Ироқ идома хоҳад дод.

Ӯ ба дастаи пешсафи Ироқ «Ал-Карма» ҳамроҳ мешавад. Бошгоҳи нави Самиев айни замон дар зинаи дуюми ҷадвали Лигаи олии Ироқ қарор дорад.

Самиев қаблан дар дастаҳои «Барқчӣ», КМВА ва «Истиқлол» бозӣ карда, инчунин дар чемпионатҳои Молдова, Беларус ва Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ намудааст.

Шаҳром аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ карда, дар ин муддат ӯ дар 47 бозӣ 13 гол задааст.

 

Назари худро бинависед