Шериддин Бобоев фаъолияти худро дар бошгоҳи «ПСМ Макассар»-и Индонезия идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Шериддин Бобоев фаъолияти худро дар бошгоҳи «ПСМ Макассар»-и Индонезия идома медиҳад

Ҳамлагари дастаи миллии Тоҷикистон Шериддин Бобоев фаъолияти худро дар чемпионати Индонезия идома медиҳад.

Ҳамлагар бо бошгоҳи «ПСМ Макассар», ки дар Суперлигаи Индонезия баромад мекунад, шартнома баст. Айни замон «ПСМ Макассар» дар ҷойи 13-уми ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Қаблан, Бобоев дар тимҳои «Истиқлол», «Ҳосилот» ва «Равшан», инчунин дар чемпионатҳои Малайзия, Қазоқистон ва Эрон ҳунарнамоӣ кардааст.

Шериддин Бобоев аз соли 2017 дар дастаи миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар 26 вохӯрӣ муаллифи се гол гардидааст.

Назари худро бинависед