Тими миллии футзали Тоҷикистон машқҳои охирини худро пеш аз бозӣ муқобили дастаи Ӯзбекистон дар Ҷоми Осиё-2026 доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии футзали Тоҷикистон машқҳои охирини худро пеш аз бозӣ муқобили дастаи Ӯзбекистон дар Ҷоми Осиё-2026 доир кард

Дастаи миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов машқҳои охирини худро пеш аз бозии якум дар Ҷоми Осиё-2026 муқобили яккачини Ӯзбекистон баргузор намуд.

Тамринҳои расмии дастаи мо дар маҷмааи варзишии «Индонезия-Арена»-и шаҳри Ҷакарта доир шуда, 45 дақиқа давом карданд. Дар ин машқҳо таваҷҷӯҳи махсус ба амалҳои тактикӣ ва бозигузории якҷоя равона карда шуд.

Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё-2026 мунтахаби Тоҷикистон бо Ӯзбекистон рӯ ба рӯ мешавад. Вохӯрӣ 28 январ дар Ҷакарта соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Назари худро бинависед