Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоёни худ аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоёни худ аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба шаҳри Гоа сафар кард, ки онҷо таҳти роҳбарии Далер Каёсов ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронад.

Дар доираи ин ҷамъомад наврасони мо бо ҳамтоёни ҳиндуи худ ду рақобати санҷишӣ анҷом медиҳанд. Ин вохӯриҳо 29 январ ва 1 феврал ба нақша гирифта шудаанд.

Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 12 феврал  ҳангоми қуръакашии расмии мусобиқа муайян мешаванд.

Назари худро бинависед