Тими миллии футзали Тоҷикистон дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар шаҳри Ҷакарта ду бозии санҷишӣ анҷом дод.

Дар бозии якум футзалбозони Тоҷикистон аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуданд.  Аз ҳайати дасти мо Насратшо Исмоилов як тӯбро ба самар расонида, яктои дигар худгол буд.

Дар бозии дуюми санҷишӣ яккачини Тоҷикистон бар дастаи Индонезия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Голҳоро Идрис Ёров, Самандар Ризомов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов заданд.

Тими миллии Тоҷикистон бозии охирини санҷишии худро дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Ҷакарта рӯзи 20 январ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) рақобат менамояд.

Назари худро бинависед