Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов аввалин бозии дӯстонаи худро дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар шаҳри Дубай анҷом дод.
Имрӯз, 13 январ наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бозӣ карданд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Меҳрубон Одилзода аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон гол зад.
Ғолиби рақобат дар силсилаи пеналти муайян шуд, ки дар он дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо ҳисоби 10:9 бартариро соҳиб шуд.
Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дидори дӯстонаи навбатии худро рӯзи 16 январ дар шаҳри Дубай бо АМА доир мекунад.