Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои машқҳои дастаҷамъӣ ба шаҳри Дубай омад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои машқҳои дастаҷамъӣ ба шаҳри Дубай омад

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов барои анҷоми машқҳои дастаҷамъӣ ба шаҳри Дубай омад, то ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ бинад.

Дар доираи машқҳо наврасони мо ду бозии дӯстона доир менамоянд. 13 январ мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад. Сипас, 16 январ шогирдони Далер Каёсов бо тими АМА рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Назари худро бинависед