Дастаи занонаи то 18-солаи Тоҷикистон дар даври аввали чемпионати CAFA-2025 мунтахаби Туркманистонро мағлуб кард – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи занонаи то 18-солаи Тоҷикистон дар даври аввали чемпионати CAFA-2025 мунтахаби Туркманистонро мағлуб кард

Имрӯз, 22 ноябр мунтахаби бонувони то 18-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Фарҳод Холбеков баромадро дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо пирӯзӣ оғоз намуд.

Дар даври аввали чемпионати CAFA-2025 мунтахаби то 18-солаи мо Туркманистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Райҳона Шомуродова ва Меҳрнигор Мирзоева голҳои дастаи Тоҷикистонро заданд.

Дар даври оянда дастаи занонаи то 18-солаи Тоҷикистон бо мунтахаби Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ 23 ноябр доир шуда, соати 12:00 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед