Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон пеш аз бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар Ҷоми ҷаҳон-2025 муқобили Буркина Фасо тамринҳои худро баргузор кард.
Ҳамаи 21 бозигари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар тамринҳо ширкат намуданд.
Бозии Ҷоми ҷаҳон-2025 байни Буркина Фасо ва Тоҷикистон 11 ноябр дар майдони №2-и Маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа сурат гирифта, соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.