Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии санҷишии охирини худро пеш аз Ҷоми ҷаҳон-2025 анҷом дод.
Дар бозии санҷишии сеюм дастаи мо бо ҳамтоёни худ аз Мексика рақобат карда, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Қаблан дастаи Тоҷикистон бо мунтахабҳои Каледонияи Нав (1:1) ва Кореяи Ҷанубӣ (0:5) рақобатҳои санҷишӣ доир карда буд.
Дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар баргузор мегардад, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) нерӯ месанҷад.