Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма! Федератсияи футболи Тоҷикистон шуморо ба муаррифии расмии сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон мутахассиси сербӣ Горан Стеванович, ки рӯзи 3 октябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе баргузор мешавад, даъват менамояд. Оғози чорабинӣ соати 15:00 аст.
Пас аз муаррифии сармураббӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад, ки дар он Горан Стеванович ба ҳама саволҳои журналистон ҷавоб медиҳад.