Федератсияи футболи Тоҷикистон ситоди нави мураббиёни тими миллии кишварро тасдиқ кард. Горан Стевановичи 58-сола сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд.
Горан Стеванович тими миллии Ганаро дар солҳои гуногун роҳбарӣ карда, бо ин даста дар Ҷоми миллатҳои Африқо ширкат кардааст. Ҳамчунин ин мутахассиси сербӣ дар дастаи то 21-солаи Сербия низ кор намудааст. Стеванович дар Ҷоми ҷаҳон-2006 ба ҳайси ёвари мураббии тими миллии Сербия фаъолият намудааст.
Дар сатҳи бошгоҳӣ бошад, Стеванович дастаҳои Сербия, Юнон ва Чинро роҳбарӣ кардааст.
Ба ситоди Горан Стеванович ду ҳамватанаш шомил хоҳад шуд. Радмило Азаниятс, ки қаблан дар бошгоҳҳои Қазоқистон (“Тараз” ва “Атирау”) кор кардааст, ёвари ӯ хоҳад буд. Милан Павлович, ки корномаи мураббигиаш дар бошгоҳҳои Сербистон, Чин ва Юнон идома ёфтааст, ёвари дуюми Стеванович мешавад.
Ба Стеванович Алифбек Беромов, сармураббии дастаи «Барқчӣ» низ кӯмак мекунад. Алишер Тӯйчиев дар тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо фаъолиятро идома медиҳад.