Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 бозии якуми хешро дар майдони худ анҷом медиҳад.
«Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дастаи «Гоа»-и Ҳиндустонро қабул мекунад. Вохӯрӣ соати 18:45 оғоз мешавад.
Ба бошгоҳи шаҳри Душанбе дар бозии имрӯза муваффақият таманно дорем!