Имрӯз, 22 сентябр дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми гурӯҳи «С»-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар даври якум тими Макаоро бо ҳисоби 10:2 шикаст дод, акнун бо яккачини Камбоҷа нерӯ месанҷад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад. Чиптаҳои ҳарду бозии як рӯз 30 сомонӣ арзиш дорад.
Пас аз вохӯрӣ мухлисон имкон доранд, дар бозии бурднок иштирок карда, туҳфаҳои арзишманд – PlayStation 5 ва ду смартфон ба даст оранд.
Ҳамаи мухлисонро ба маҷмааи варзишӣ барои дастгирии дастаи футзали кишвар даъват менамоем!