20 сентябр дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» оғоз мешавад. Тимҳои миллии Тоҷикистон, Ҷопон, Камбоҷа ва Макао барои роҳхати қисми ниҳоӣ мубориза мебаранд.
Қабл аз оғози марҳилаи интихобии гурӯҳи «С» дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе бо иштироки комиссарон, нозирон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва менеҷерони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ҷопон, Камбоҷа ва Макао ҷаласа баргузор шуд.
Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир мешаванд. Нархи чиптаи ду рақобати як рӯз 30 сомонӣ мебошад.