Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон иборат аз ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва роҳбари Лигаи футзали кишвар Бахтовар Меликов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни сафар ҳайати ФФТ бо раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот вохӯрд. Дар ҷаласа тадбирҳои амалинамоии дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти ФФТ, муҳтарам Рустам Эмомалӣ, ки 3 феврали соли 2025 дода шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ ба рушди футболи наврасон, такмили ихтисоси мураббиён ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби кӯдакон ба варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Баъдан раиси ВМКБ ва гурӯҳи кории ФФТ аз ноҳияи Шуғнон боздид карданд, ки дар оянда дар ин ҷо бунёди Академияи футболи кӯдакону наврасон – як маркази муосири тарбияи истеъдодҳои ҷавони вилоят дар нақша аст. Ҳайат инчунин бо вазъи имрӯзаи инфрасохтори Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ шинос шуд.
Барномаи сафар аз иштироки гурӯҳи кории ФФТ дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи футзал дар Хоруғ, ҷашнвораи футбол барои кӯдакон ва дигар мусобиқаҳо иборат буд.
Илова бар ин, дар доираи барномаи байналмилалии «Футбол барои мактабҳо»-и ФИФА барои омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумии ВМКБ семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар он 12 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии гуногун иштирок намуда, барои оммавигардонии футбол дар байни мактаббачагон усулу равишҳои нав омӯхтанд.
Гурӯҳи кории ФФТ таваҷҷуҳи баланди сокинони вилоятро ба футбол қайд намуда, омодагии Федератсияро барои дастгирии ҳамаҷонибаи ин навъи варзиш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз дошт.