Дар остонаи бозии ниҳоии 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2025 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласа баргузор гардид.
Дар он намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, масъулони вохӯрӣ ва ҳамчунин намояндагони бошгоҳҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Эсхата» ширкат доштанд.
Дар нишаст масъалаҳои умумии ташкилӣ муҳокима шуданд. Мизбони номиналӣ – бозигарони «Регар-ТадАЗ» бо либоси сафед, бозигарони «Эсхата» бо либоси кабуд ба майдон мебароянд.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии ниҳоии 1XBet- Ҷоми Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Эсхата» 14-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мешавад.