КФО мизбони боз як марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026-ро ба Тоҷикистон бовар кард – Федерация Футбола Таджикистана

КФО мизбони боз як марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026-ро ба Тоҷикистон бовар кард

Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни духтарони то 17-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон кард.

Бозиҳои даври интихобӣ дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Урдун, Қирғизистон, Мянмар, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Тайланд ва Ветнам баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17 сола  27 даста ширкат мекунад. Дар қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад: се гурӯҳ аз чор даста ва панҷ гурӯҳ аз се даста иборат мегардад.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни тимҳои наврасони то 17-сола аз 13 то 17 октябр баргузор мешавад. Рақибони дастаи духтарони Тоҷикистон дертар маълум мешаванд.

Назари худро бинависед