Намояндаи КФО варзишгоҳи Турсунзодаро барои бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 тафтиш кард – Федерация Футбола Таджикистана

Намояндаи КФО варзишгоҳи Турсунзодаро барои бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 тафтиш кард

Комиссари бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё Михаил Толкачев аз Қирғизистон аз Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода, ки барои мизбонии бозиҳои мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 пешбарӣ шудааст, дидан кард.

Дар ҷараёни сафар намояндаи КФО ҳамроҳ бо намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» инфрасохтори майдони асосии шаҳр – варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-ро, ки дар сурати қабул шудан аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё дар давраи бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2025/26 Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода номида мешавад, аз назар гузарониданд.

Зимни санҷиш ба талаботҳои КФО, аз қабили сифати чаман, ғунҷоиш, шароит барои мухлисону ҷойҳои VIP, бехатарӣ, равшании варзишгоҳ, утоқҳои либосивазкунӣ ва утоқҳо барои шахсони расмӣ, шароит барои ВАО ва ғайра таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Дар пайи тафтиш намояндаи КФО оид ба рафъи камбудиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода тавсияҳо дод. Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» иброз намуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузории бозиҳои байналмилалӣ тамоми шароити заруриро саривақт иҷро менамоянд.

Назари худро бинависед