Маълумоти умумӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Маълумоти умумӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии варзишиест, ки футболи Тоҷикистонро идора ва назорат мекунад. Идораи ФФТ дар пойтахти кишвар – Душанбе ҷойгир аст. ФФТ тими миллӣ, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон, дастаи мунтахаби миллии олимпӣ ва футзалу футболи занонаи Тоҷикистонро ташкил намуда, нигаҳбонӣ мекунад ва иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ таъмин менамояд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон соли 1936 ба сифати як шӯъбаи футбол дар сохтори кумитаи варзиши ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуда аст. Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, соли 1994 ФФТ ҳамчун ташкилоти варзишӣ дубора эҳё гардид ва худи ҳамон сол ба ҳайати Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) пазируфта шуд.