Тоҷикистон бо Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон бо Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад

Имрӯз, 14 апрел, дар Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии марҳилаи дуюми интиобии ҶҶ-2018 баргузор шуд. Мутобиқи қуръакашӣ мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Бозии нахустини худро дар доираи ин сабқат мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 11 июн дар Душанбе бо мунтахаби Урдун мегузаронад.

Дар даври дуюм, ки рӯзи 16-уми июн баргузор мешавад, дружинаи Муҳаммадиев ба Бангладеш сафар мекунад. Дар даври сеюм, ки рӯзи 3 сентябр доир мешавад, мунтахаби Тоҷикистон истироҳат мекунад. Дар доираи даври чоруми мусобиқа, ки рӯзи 8 сентябр баргузор хоҳад шуд, чемпиони феълии Осиё, мунтахаби Австралия ба Душанбе ташриф меорад. Даври панҷуми мусобиқаро шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев рӯзи 8 октябр дар Бишкек бар муқобили мунтахаби Қирғизистон мегузаронанд.

Нимаи дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобиро мунтахаби Тоҷикистон аз бозӣ дар сафар бо Урдун оғоз мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи 13 октябр барпо мешавад. Дар даври ҳафтуми мусобиқа, ки 12 ноябр доир мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе мунтахаби Бангладешро қабул мекунад. Дар даври нуҳуми марҳилаи интихобӣ, ки 24 марти соли оянда доир мешавад, шогирдони Муҳаммадиев ба Австралия сафар мекунанд. Дар даври ҷамъбастӣ мунтахаби Тоҷикистон санаи 29 марти соли 2016 дар Душанбе бо мунтахаби Қирғизистон рӯбарӯ мешавад.

Ҳамагӣ дар доираи ин мусобиқа мунтахаби миллии Тоҷикистон 8 бозӣ мегузаронад, ки чортои он дар хона ва чортои боқимонда дар сафар доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 40 мунтахаби Осиё ба 8 гурӯҳи 5 дастагӣ ҷудо шуданд. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯи системаи даврӣ доир мешаванд. Марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 аз 11 июни соли 2015 то 29 марти соли 2016 идома мекунад.

Ғолибони 8 гурӯҳ ва 4 мунтахаби нишондодҳояшон беҳтар соҳиби роҳхати марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 гардида, ҳамзамон дар даври ҷамъбастии марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 рақобат мекунанд.

Бисту чор мунтахаби боқимондаи марҳилаи дуюми муттаҳидкунонидашуда, дар сабқати алоҳида барои 12 (ва ё 11+1 ҷой барои мунтахаби мизбон) роҳхати Ҷоми Осиё-2019 талош мекунанд.

 

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018:

Гурӯҳи «А»: АМА, Арабистони Саудӣ, Фаластин, Тимори Шарқӣ, Малайзия.

Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон, Бангладеш.

Гурӯҳи «C»: Чин, Қатар, Малдив, Бутан, Гонконг.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Умон, Ҳиндустон, Туркманистон, Гуам.

Гурӯҳи «E»: Ҷопон, Сурия, Афғонистон, Сингапур, Камбоҷа.

Гурӯҳи «F»: Ироқ, Ветнам, Таиланд, Индонезия, Тайбэйи Чин.

Гурӯҳи «G»: Куриёи Ҷанубӣ, Кувайт, Лубнон, Мянма, Лаос.

Грурӯҳи «H»: Узбекистон, Баҳрайн, Филиппин, ҶХДК, Яман.

 

Тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Бангладеш – Қирғизистон

 

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Австралия

 

Даври 3-юм

3 сентябр (панҷшанбе)

Австралия – Бангладеш

Урдун – Қирғизистон

 

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Австралия

Бангладеш – Урдун

 

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Австралия

 

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Бангладеш

 

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Австралия – Қирғизистон

 

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун

 

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

 

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 года (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

Добавить комментарий